image

Боздиди хонандагон аз қисмҳои низомӣ

date_range18.02.2023, 10:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye240

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таҷлили 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” дар ноҳияҳои шаҳр тадбирҳои маърифатӣ ва чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстона ташкил мегардад.

Зимни боздид масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватии ноҳияи Фирдавсӣ афзуданд, ки ҳоло дар қисму воҳидҳои низомии мамлакат шароити созгор фароҳам буда, ҷавонон далеронаву ҷасурона барои ҳимояи марзу буми кишвар дар пайи иҷрои хизмат камари ҳиммат бастаанд.

Мавриди зкир аст, ки як банди нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ин ташкили саёҳати хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ҷавонони синни даъватӣ ба қисмҳои ҳарбӣ аст. Хонандагон дар ин тадбир бо шароити хизмати сарбозон шинос шуда, бо онҳо суҳбату мулоқот намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки анҷоми чунин тадбир барои баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва таҳкими ватандӯстии ҷавонон замина фароҳам менамояд. Сохтору мақомоти марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ мунтазам чунин чорабиниҳоро ташкил менамоянд.

Дар раванди саёҳатии хонандагон инчунин миёни сарбозони қисми низомӣ ва ҷавонони синни давъатӣ сабқатҳои гуногуни варзишӣ созмон дода шуд, ки ҳозирин фаъолона дар ҷараёни он ширкат намуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. Ҳоло дар кишвари мо шароити қисмҳои низомӣ беҳтар градида, ҷавонон пайи хизмат мебошанд. 

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"