Чорабинии Раёсати кор бо занон ва оила таҳти унвони «Таҳсилот барои ҳама» дар МТМУ №72
Бо ибикори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ш.Душанбе дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи ш.Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Душанбе вохӯрии масъулини соҳа бо хонандагон дар МТМУ №72-и ноҳияи Фирдавсӣ зери унвони «Таҳсилот барои ҳама» баргузор гардид.
Бо мақсади тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бегонапарастӣ, ҷалби духтарон ба таҳсил ва касбомӯзӣ - Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ш.Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дигари шаҳрӣ пайваста тадбирҳои маърифатиро ташкилу роҳандозӣ менамояд.
Чорабинии навбатӣ зери унвони «Таҳсилот барои ҳама» дар МТМУ №72 баргузор гардид. Зимни баромади масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ш.Душанбе гуфта шуд, ки солҳои охир ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини ҳаёти саодатмандонаву осудаи ҳар хонадони мамлакат, махсусан баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ гардидааст.
Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бещтари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.
Тавре гуфта шуд, бояд занон дар ҳифзу гиромидошти фарҳанги миллӣ саҳми назаррас дошта бошанд.
Ҳамзамон таъкид рафт, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар пойтахт давоми солҳои охир шумораи зиёди муассисаҳои мактабиву томактабӣ бунёд шудаанд, ки онҳо дорои имкониятҳои муосири таълим мебошанд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ