Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба аёдати сарбзону афсарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия ташриф оварданд
Бо мақсади ошноӣ аз ҳаёти сарбозону афсарон ва буду боши онҳо дар қисмҳои низомии пойтахт роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба аёдати сарбзону афсарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия ташриф оварда бо онҳо аз наздик суҳбат намуданд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои беҳдоштии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва як гурӯҳ модарон ба аёдати сарбозону афсарони қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар рафти аёдат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо сарбозону афсарон мулоқот намуда, таъкид доштанд, ки имрӯз вақти он аст, ки мо фарзандони ин миллати тамаддунофар бояд баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азизамон, ҳимояи нангу номуси домони поки модар ва хоҳари худ, вазифаи виҷдонӣ ва қарзи шаҳрвандии худро дар назди давлату миллат анҷом диҳем. Дар ин замина, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба сарбозону афсарон маводҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.
Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист.
Маврид ба зикр аст, ки адои хизмати Модар-Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард буда, бо истифода аз имконоти мусоиди фароҳамовардашуда ин масъулиятро бояд иҷро кард. Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлоли мамлакат буда, ҳамасола бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ба талаботи давру замон мутобиқ карда мешавад. Дар ин баробар мустаҳкамсозии заминаи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дастовардҳои то ба имрӯз амалигашта натиҷаи чунин ғамхориҳо мебошад.
Зимни суҳбат гуфта шуд, ки имрӯзҳо ҳукумати мамлакат дар доираи сиёсати пешгирифтаи хеш шароити буду бош дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро дар сатҳи баланд баровардааст, ки сарбозону афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пайи ҳифзи оромӣ суботу амнияти кишвар адои хизмат намуда истодаанд.
Дар ҷараёни боздид ба сарбозону афсарони қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино туҳфаҳои хотиравӣ ва дастурхони идона ороста шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ