image

Мулоқоти масъулин сохтору мақомти дахлдор бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Сино

date_range18.02.2023, 15:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye222

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии падару модарон, омӯзгорон ва хонандагону толибилмон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино мулоқоти масъулин сохтору мақомти дахлдор бо фаъолон ва сокинони ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагон аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ, сардорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 ва 2-и ноҳияи Сино, намояндагони гурӯҳи ҷавонони “Авангард”, кормандони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томакотӣ, омӯзгорон, волидайни хонандагон ва хонандагони муассисисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино баромад намуда, бандҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлис Олиро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки дар Паём муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ, шуруъ аз қисмати ҳаёти дохилӣ то муносибатҳои манфиатбори тарафайн бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон роҷеъ ба дастоварди хонандагон дар олимпиадаҳо ва иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва афзоиш ёфтани пошхӯрии оилаҳон ҷавон сухан гуфта шуд.

Дар идома намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади хеш роҷеъ ба майл кардани бархе ҷавонон ба маводҳои психатропӣ ва ҷалби ҷавонон ва дигар амалҳои номатлуб сухан ронда, аз он изҳори нигаронӣ кард.

Қандил Мардонов

"ТВ Душанбе"