image

Дар МТМУ №128 ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид

date_range20.02.2023, 11:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye256

Баҳри дар замири насли наврас бедор намудани ҳисси Ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар муассисаҳои таълимии ш.Душанбе чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 128-и ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷумлаи муассисаҳои таълимие дар пойтахт аст, ки дар тарбияи насли наврас дар самти ватандӯстдорӣ саҳм дорад.

Дар муассисаи мазкур ин навбат чорабинии идона ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияту омӯзгорон, хонандагони муассисаи мазкур ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд. Гуфта шуд, ки «Ҳифзи Ватан, музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳаёти орому осоиштаи мардум ва таъмини амнияту суботи давлат вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Иҷрои ин амали пуршараф ба ҷавононе насиб мегардад, ки дар қалбашон меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан-Модар маскан гирифта бошад.

Дар идома хонандагон доир ба давлатдорию давлатсози ва устувории Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат шеърҳо хонданд.

Ҳамчунин барномаи консертӣ ва рақсу сурудхонӣ дар васфи Ватан ва пойдории сулҳу субот идомабахши ин чорабинӣ буд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"