Баргузории чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
Бахшида ба 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати ш.Душанбе чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ дар толори зебои муассиса бо хондани суруд дар бораи Васфи Ватан оғоз гардид.
Дар чорабинии имрӯза, ки бахшида ба 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, устодон ва хонандагони Литсеи рақами 3 барои хонандагони болаёқати ш.Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромади худ хонандагон қайд намуданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар бояд шукронаи истиқлолият ва хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихи ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.
Ҳамчунин дар чорабинии фарҳангӣ қайд гардид, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз санаи таъсисёбӣ то ба имрӯз марҳилаҳои гуногуни таърихиро сипарӣ намуда, айни замон ба як нерӯи бузург ва муҳофизаткунандаи марзу бум табдил ёфтааст. Ин аст, ки имрӯз дар заминаи фаъолияти бонизоми Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат фазои сулҳу оромӣ дар кишвар таъмин аст.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи хонандагон барномаи фарҳангӣ, ки иборат аз шеъру суруд буд, писанди аҳли толор гардид.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ