Аёдати сарбозони бистарии Госпитали марказии ҳарбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ
Дар доиари нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдати сарбозони бистарии Госпитали марказии ҳарбӣ сурат гирифт.
Мавриди зикр аст, ки нахуст дар толори ин муассисаи ҳарбиву тиббӣ мулоқоти роҳбарияти ноҳия ва масъулини сохторҳои ноҳиявӣ бо сарбозон ва кормандон он баргузор шуд.
Дар ин замина саҳми ҷавонон дар таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдат махсус таъкид гардид. Инчунин гуфта шуд, ки дар Қувваҳои мусаллаи кишвар нақши муассисаҳои госпиталӣ назаррас мебошад. Ҳоло ҳамаи бахшҳои Қувваҳои мусаллаҳ, аз ҷумла муассисаҳои тиббии он низ беҳтар шуда, шароити созгор фароҳам мебошад. Аз ин рӯ кору фаъолияти роҳбарият ва кормандони госпитал дар ин замина васф карда шуд.
Инчунин зимни ин тадбири маърифатӣ ва аёдати сарбозони бистарии госпитал ба онҳо туҳфаҳои гуногун аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ тақдим гардид.
Дар доираи боздиди худ ҳамчунин масъулини сохтору мақомоти дахлдори ноҳиявӣ дар ҳуҷраҳои алоҳида низ сарбозонро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои мақомотро расониданд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ