image

Дар заминаи “Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт” дар Комендатураи ҳарбӣ ҷамъомад баргузор гардид

date_range21.02.2023, 11:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye183

Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соли сеюм аст, ки дар шаҳри Душанбе “Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт” ба муносибати Солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ баргузор карда мешавад. Дар заминаи ин фестивал дар Комендатураи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, афсарону сарбозон ва наврасони синни тодаъватӣ иштирок намуданд.

Нахуст сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баромад намуда, доир ба моҳият ва мақсади вохӯрӣ андешаронӣ кард. Таъкид рафт, ки имрӯзҳо ҳукумати мамлакат дар доираи сиёсати пешгирифтаи хеш шароити буду бош дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро дар сатҳи баланд баровардааст, ки сарбозону афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пайи ҳифзи оромӣ, суботу амнияти кишвар адои хизмат намуда истодаанд.

Дар баромади хеш муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз дастоварду комёбии ҷавонону наврасон дар замони соҳибистиқлолӣ ва роҳи пурпечутоби тай намудаи кишвари азизазамон дар замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.

Ҳамзамон намояндаи Маркази тадқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, роҷе ба баланд шудани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ изҳори назар намуд. Зимнан аз ҷавону наврасон ва сарбозон даъват ба амал овард, ки дар замони ҳасос будани вазъи геопалитикии ҷаҳон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Баромадкунандагон аз ширкатдорони ҳамоиш даъват ба амал оварданд, ки хизмат ба Ватану миллатро азизу муқаддас дониста, адои намудани онро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзанди хеш бидонанд.

Дар фарҷом якқатор сарбозон бо сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе барои ҳифзи сарҳад, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, муқаддасоти давлатӣ ва хизмати содиқона ба миллату давлат бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"