image

Маҳфили гиромидошти шоир Ғоиб Сафарзода таҳти унвони "Шоири миллат" дар Китобхонаи бачагона

date_range21.02.2023, 12:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye290

Ҳар шахсияти адабӣ бо кору пайкор ва осори ҷовидонаи худ дар ёди ҳамқаламону шогирдон ва ҷомеа нақш мебандаду то абад боқи мемонад гуфта шуд дар маҳфили адебие, ки дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти шоир рузноманигор Ғоиб Сафарзода баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур шоиру нависандагон, адибон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, доир ба ҳаёту фаъолияти шоир ибрози сухан намуданд. Тавре зикр шуд, ҳар давраи адабиёт мисли зиндагӣ рангорангиҳои зиёд дорад ва Ғоиб Сафарзода низ замони худро бо офаридаҳои нақдиву адабияш рангу ҷилои нав медод. Иброз гадид, ки гарчанде дар синни ҷавони риштаи умри шоир канда шуд аммо у тавонист аз худ ашъори маънавиеро барои хонандагон ба мерос гузорад.

Ба таъкиди иштирокчиёни маҳфил Ғоиб Сафарзода яке аз шоирони ватансарост, ки эҷодиёташ қиссаҳои наҷиби инсонӣ, ишқу муҳаббати поки ҷавонӣ комёбиҳои беназири халқу ватанро бо ҳиссиёти баланд тараннум кардааст.

Шоир бештар лаҳзаҳои гуногуни зиндагии ҷавононро тасвир карда, хислат ва рафторҳои бади инсониро мазаммат ва ахлоқи ҳамидаро тараннум кардааст иброз гардид дар ҳамоиш. Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ "Корвони орзу" ном дошта, соли 1969 чоп шудааст.

Ба таъкиди иштирокчиён шеъри ӯ имрӯз ҳам дар адабиёти муосир заррае аз таъсиру эътибори хеш накостааст ва дар ҳифзи асолати арзишҳои маънавии мо чун синону сипар хидмат мекунад. Ҳамин гуна дар маҳфил доир ба ҳамаи паҳлӯҳои фаъолияти эҷодии Ғоиб Сафарзода маърӯзаҳо сурат гирифта, аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ашъори шоир порчаҳои шеъри қироат карда шуд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"