image

ШИНОСОӢ БО ШАРОИТИ ХИЗМАТИ АСКАРОН 

date_range21.02.2023, 20:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye251

ш.Душанбе. 21.02.2023. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории чорабиниҳои сиёсӣ фарҳангӣ ва ҳарби варзиши бо тарғиби арзишҳои милли ва Ваҳдату ягонагӣ ҳамчунин шиносои бо шароити хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қуваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишҳои гуногун ташкилу роҳандозӣ шуда истодаанд.

Ин навбат дар қисми низомии 01-21-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия чорабинии маърифатию сиёсӣ доир гардид. Дар оғози чорабинии навбатӣ падару модарони сарбозони дар ин қисми низомӣ адои хизматдошта, бо дастовез ба дидори фарзандони хеш омаданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии навбатӣ муовинони Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва Абдураҳмонзода Абдураҳмон, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷрояии Марказии ҲХДТ ва дигар нафарон иштирок доштанд. 

Пеш аз оғози ҳамоиш сарбозон ба иштирокдорон дар ҳолати омодабош қарор доштани хайати шахсӣ ва дуруст истифода бурдани яроқу аслиҳаро дар ҳама ҳолатҳо пешкаш карданд.

Сипас дар саҳни ин қисми ҳарби чорабинии фарҳанги доир гардид. Нахуст зимини чорабини муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода сухан карда, зикр намуданд, ки афсарону сарбозони шуҷоъу далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо савганди ҳарбии худ содиқ буда, рисолати шаҳрвандияшонро назди Ватан-Модар бо сарбаландӣ адо мекунанд. Дар ин самт афсарону сарбозони қисмҳои низомии мамлакат донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастоварҳои миллату давлат сафарбар месозанд. 

Баъд аз суханрониҳо ба сарбозон аз ҷониби масъулин бахшида 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Сарбозон низ бо маҳорату малакаи худ, машқҳои харбӣ тақтикиро ба ҳозирин пешкаш намуданд, ки он қобили қабули иштирокдорон гардид.

Баргузории чорабинии зебои фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони саршинос нохияи Фирдавсӣ идомабахши ҳамоиши имрӯза гардид. 

Баъд аз фарҷоми ҷамъомад иштирокдорон аз ошхонаи қисми низомӣ, шарту шароит ва осорхонаи Пешвои миллат, ки дар ҳудуди қисми ҳарбӣ ҷой дорад, дидан намуданд.