image

Шиносоӣ аз шароити афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе

date_range22.02.2023, 10:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye228

Ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшачорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати шиносои аз шарту шароит ва бурду боши афсарону сарбозон аз қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Дар доираи чорабинии мазкур иштирокчиёну меҳмонон аз вазъи хизмати сарбозону афсарони қисми ҳарбии 3502 Раёсати қушунҳои дохилӣ шинос шуданд. Таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва хизматҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шароиту имкониятҳои хуб фароҳам оварда шудааст. Имрӯз сарбозону афсарони шуҷои ватан бо далерию мардонагӣ ва ифтихор аз ватани озоду соҳибистиқлоли худ баҳри ҳифзи марзу буми ватан содиқона адои хизмат менмоянд, ки он роҳи пурифтихори Спитамену Темурмалик ва дигар родмардони диёр мебошанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири таъмин амнияти миллӣ, таҳкиму тақвияти иқтидору нерӯи мудофиавии мамлакат дар доираи барномаҳои созандаи худ саъю талош намуда, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, ҷалби онҳо ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонию варзиш ва тақвият бахшидани тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ тадбирҳои зарӯри меандешад.

Ҳамзамон аз ҷониби масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як қатор сарбозону афсарони фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳо хотиравӣ тақдим гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ сурат гирифт.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"