Ҳамоиши тантанавии афсарзанони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
30 сол пеш барои таъсиси Артиши миллӣ, ки тавонад истиқлоли давлатии моро ҳифз кунад, монеаву мушкилоти зиёде пеш омад. Иродаи қавӣ, матонат, хирадмандию ватандӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин мушкилот рафъ гардид ва имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба яке аз артишҳои неруманди минтақа табдил ёфтааст. Баҳри истиқболи сазовор аз ин ҷашн бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии афсаронзанони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила, намояндагони Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз бузургтарин қувваҳои низомӣ ба ҳисоб меравад ва аллакай дар муддати кӯтоҳ соҳиби мактаби милливу муосир гардидааст, ки ин дастоварди бузург мебошад.
Маърузачиён дар суханронии худ изҳор доштанд, ки воқеан ҳам нақши Эмомалӣ Раҳмон дар сохтани давлати миллии тоҷикон бузургу таърихист ва маҷрои таърихи ҷаҳониро тағйир доду миллати бо сабабҳои хиёнати душманон аз империяи бузурги тоҷикон маҳрумгардидаро соҳиби давлати миллӣ сохт.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ