image

Таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаб-интернати махсуси №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Душанбе

date_range22.02.2023, 13:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye212

Ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҳамоишу чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардида истодааст.

Омӯзгорону таълимигирандагони Мактаб-интернати махсуси №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Душанбе низ бо эҳтироми хоса доир ба ин санаи таърихӣ чорабинии фарҳангиро баргузор намуданд.

Тарбиятгирандагону омӯзгорони ин муассисаи махсуси таълимии пойтахт дар ҷараёни чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд.

Бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти соҳаи маориф дар пойтахт ҳоло шароити зарурӣ барои истиқомат ва таълиму тарбия дар Мактаб-интернати махсуси №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Душанбе фароҳам шудааст.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"