image

“Таъсири режими миллии маблағгузорӣ ва механизми амали он дар шароити ҷаҳонишавӣ”. Баргузории ҳамоиши илмии ҷумҳуриявӣ дар факултети молиявию иқтисодии ДМТ

date_range22.02.2023, 13:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye239

Дар ҳамоиши навбатие, ки дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Таъсири режими миллии маблағгузорӣ ва механизми амали он дар шароити ҷаҳонишавӣ” доир гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ ба сухан баромада зикр намуд, ки дар низоми тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии инкишофи кишвар, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ гардидааст, ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ аҳамияти хоса дода шудааст.

Ҳамзамаон қайд гардид, ки шумораи зиёди мамлакатҳои дунё, аз ҷумла Иттиҳоди давлатҳои мустаъқил дар шароити рақобати ниҳоят шадид дар соҳаи тақсими дубораи захираҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби маблағгузорихои хориҷи аксар вақт роҳи озодсозии бемислу монанди иқтисодиёти миллиро интихоб менамояд.

Дар идомаи ҷамъомади мазкур дигар иштирокдорон низ аз рӯи мавзӯҳои дар ҳамоиш пешниҳодгардида, аз қабили “Таъсири сармоягӯзорихои хориҷӣ ба бозори меҳнати ҶТ дар шароити муосир”, “Механизмҳои воридшавии корхонаҳои мустаъқими хориҷӣ дар рушди иқтисодиёти инноватсионӣ”, “Усулҳои таъмини инноватсионии инкишофи экологии хоҷагии қишлоқи ҶТ” маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"