image

Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишии III Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт таҳти унвони “Барои давлату миллат содиқона хизмат мекунам!”

date_range22.02.2023, 14:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye201

Дар доираи 3-юмин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, таҳти унвони “Барои давлату миллат содиқона хизмат мекунам!” аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш аз кабили футболи хурд, волейбол, шашкаву шоҳмот, гӯштини миллии Гӯштингирӣ, варзиши сабук, турниккашӣ мусобиқа миёни сарбозони қисмҳои харбию низомии ҳудуди шаҳр сурат гирифт.

Рӯзи 21-уми феврал маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи ин намудҳои варзиш доир гашт.

Зимни суханронии худ сардори раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода баромад намуда, ба сарбозон ва фаъолони ин мусобиқа изҳори миннатдорӣ намуд. Гуфта шуд, ки таи солҳои охир зери дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шароитҳо дар қисмҳои низомии пойтахт беҳтар гардида, сарбозон пайваста ба машқҳои тарбияи ҷисмонӣ машғул мегарданд.

Пас аз суханронӣ аз ҷониби намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамзамон намояндагони сохторҳои низомӣ ба ғолибон ва нафроне, ки мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд медал ва диплом дар як фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"