“АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ”. Баргузории ҳамоиш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ
Таҳти унвони “Артиши миллӣ - сипари боэътимоди давлат” дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ ҳамоиш доир гардид, ки дар он роҳбарият, кормандону устодон ва магистрантон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шудааст ва то имрӯз вазифаҳои дар пешашон гузошташударо бо сари баланд иҷро менамоянд. Тӯли ин солҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд ва Артиши миллии 30 сол пеш таъсисдодаи мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар идома дар мавзӯъҳои “Дастовардҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли таъсисёбӣ ва иҷрои уҳдадориҳои он дар пойдории Истиқлоли давлатӣ”, “Заминаҳои ҳуқуқии ташаккулёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон ҷиҳати хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои худро ба самъи иштирокчиён расониданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби сарояндагон ва ҳунармандони шӯъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои Академия сурудҳои ватандӯстона пешниҳоди ҳозирин гардид.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ