МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛИ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе. 22.02.2023. Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 17 феврали соли 2023, №58 “Дар бораи таҷлили ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардидаст, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сеюмин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, таҳти унвони “Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам!” доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташкил карда шуда, давоми 6 рӯз аз санаи 17 то 22 феврали соли 2023 дар тамоми қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани Фестивали мазкур самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиш, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани руҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ пайдо намудан аз шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, хосатан пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии онҳо мебошад.
Фестивал бо ба намоиш гузоштани тамоми дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар кори он муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, роҳбарияти воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ, беш аз 1700 нафар афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ҳузур доштанд.
Фестивал аз чор қисмати асосӣ иборат буда, қисмати аввали онро маросими ифтитоҳӣ, қисмати дуюму сеюми онро сексияҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзиши футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук дар ду марҳила, марҳилаи интихобии 1-ум дар заминаи қисмҳои ҳарбию низомӣ ва марҳилаи интихобии 2-юм дар сатҳи шаҳр, инчунин даври чоруми Фестивалро маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории дастаҳои ғолиб бо ташкили Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” баргузор карда шуд.
Инчунин, дар доираи фестивал дар толори қисми ҳарбии 02615 “г”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ ва назариявӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои ҳарбию низомии даврони истиқлолият: ҳолат ва дурнамо” таҳти унвони “Пос доштани обу хоки Ватан - рисолати ҷавонмардист!”, мулоқоту вохӯриҳо бо афсарону сарбозон ва курсантон дар донишкадаҳои сарҳадӣ ва олии ҳарбӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ (дар сатҳи Раёсат ва комендатура), мизи мудаввар дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан - шарафи ҷавонмардист!”, аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар мавзӯи “Ба муҳофизати ватани маҳбубамон омода бош!” баргузор карда шуда, наздик ба 5000 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 500 адад китобњои ватандӯстона аз ҷониби волонтёрон дастраси сокинони пойтахт, хоса наврасону ҷавонон гардонида шуданд.
Санаи 22 феварли соли 2023 дар толори “Кохи Сурӯш”-и шаҳри Душанб маросими ҷамъбасти Фестивал бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, роҳбарияти кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ғолибон ва ҷоизадорон мусобиқаҳои варзишӣ, ки аз намудҳои “шоҳмот”, гӯштини миллӣ”, “варзиши сабук”, “футбол”, “волейбол” ва “шашка” миёни афсарону сарбозон ташкил ва баргузор карда шуданд, дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом, медал, Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом, Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” баҳри болидаруҳии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ садо дода шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ