image

Аёдати сарбзону афсарони Шифохонаи ҳарбӣ-марказии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range23.02.2023, 11:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye210

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои беҳдоштии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, инчунин як гурӯҳ модарон ба аёдати сарбозону афсароне, ки дар Шифохонаи ҳарбӣ-марказии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табобат фаро гирифта шудаанд, ташриф оварданд.

Дар рафти аёдат муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо сарбозону афсарон мулоқот намуда, таъкид доштанд, ки имрӯз вақти он аст, ки мо фарзандони ин миллати тамаддунофар бояд баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азизамон, ҳимояи нангу номуси домони поки модар ва хоҳари худ, вазифаи виҷдонӣ ва қарзи шаҳрвандии худро дар назди давлату миллат анҷом диҳем.

Дар ин замина, ба ҳар як сарбоз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист.

Зимни суҳбат гуфта шуд, ки имрӯзҳо ҳукумати мамлакат дар доираи сиёсати пешгирифтаи хеш шароити буду бош дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро дар сатҳи баланд баровардааст, ки сарбозону афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пайи ҳифзи оромӣ суботу амнияти кишвар адои хизмат намуда истодаанд.

Дар ҷараёни боздид ба сарбозону афсароне, ки дар Шифохонаи ҳарбӣ-марказии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистион ба табобат фаро гирифта шудаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дастурхони идона ва барномаи фарҳангиву фароғатӣ ташкил гардид.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"