image

Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат. Баргузории чорабинии идона аз ҷониби намояндагони н.Шоҳмансур дар қисмҳои низомӣ

date_range23.02.2023, 12:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye268

Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ки ҳамасола дар саросари кишвар бо шукуҳ таҷлил мешавад, сарҳадбонони қисми ҳарбии 01 22 ва 0125-и КДАМ ҶТ шукуҳмандона пешвоз гирифтанд. Чорабинӣ бо ташаббуси МИҲД н.Шоҳмансур ташкилу роҳандозӣ шуд.

Намояндагони н.Шоҳмансур, фаъолзанон ва волидайни аскарон бо дастовези тоҷикона, ки аз нону кулча, гирдачаву қалама ва дигар маҳсулоти қаннодӣ иборат буд вориди қисми низомӣ шуданд. Дар саҳни ин қисми низомӣ дастовардҳои аскарону афсарон ба намоиш гузошта шуд ва намояндагон аз онҳо дидан карда, барои фаъолият ва хизмати содиқонаву софдилона ба ҳомиёни Ватан бурдборӣ таманно карданд.

Тавре дар қисмати расмии чорабини иброз гардид, “Тоҷикистони навин аз нигоҳи таърихи давлатдорию лашкардорӣ басе ҷавон аст, вале ба бахти баланди тоҷикон то ба имрӯз дар ин шоҳроҳ мероси бебаҳои омӯхтанӣ аз ниёгони шӯҳратманди мо расидааст, ки барои наслҳои имрӯзу фардо хизмат мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба навъҳои гуногун гурӯҳбандӣ шуда, бо вуҷуди вазифаҳои хос ва фарқкунандаи худ дар ҳамоҳангии комил ва таҳти роҳбарии мутамаркази Сафармондеҳи Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо комёбӣ фаъолият доранд.

Дар идома ба як қатор афсарону аскарон аз ҷониби роҳбарияти МИҲД н.Шоҳмансур туҳфаҳои идона тақдим гардид. Ҳамчунин аскароне, ки дар мусобиқаҳои варзиши ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд мукофотонида шуданд.

Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ ки аз сурудҳои ватандӯстона иборат буд идома кард.

Ҳамчунин дар ин рӯз ба сарбозону афсарон аз ҷониби МИҲД и н.Шоҳмансур дастархони идона ороста шуд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"