image

Баргузории ҳамоиш бахшида ба 30-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range23.02.2023, 13:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye179

Дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қуваҳои мусаллаҳи ҶТ бо иштироки меҳмонон аз Вазорати мудофиаи ҶТ, устодону донишҷӯён ва афсарони кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинии навбатӣ бо баромади роҳбарияти Донишгоҳ оғоз гардид. Мавсуф дар идомаи баромади хеш, доир ба Ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва пойдории Қуваҳои мусаллаҳи кишвар сухан гуфтанд.

Қайд гардид, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъд аз якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатар қарор дошт. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо ҳам пушти сар гузошт дар миёни неруҳои ҳарбии дигар кишварҳои ҳамсоя таҷрибаи зиёдеро касб намудааст. Маврид ба зикр аст, ки афсарону сарбозон ва ҷавонони баору номуси тоҷик бояд доимо зираку ҳушёр бошанд, то фазои орому осудаи имрӯзаи кишварро, ки ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бо ба фаъолият оғоз кардани кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки бо мутахассисони баландихтисоси соҳаи мудофиавии кишвар таъмин гардидааст, дар раванди омода кардани афсарони шуҷои ватан аз ҳисоби ҷавонони боғайрату донишманд саҳми арзишманди худро дар таҳкими соҳаи мудофиавии кишвар мегузорад.

Дар идома намояндагони Вазорати мудофиаи кишвар қайд карданд, ки ҳар як афсару сарбоз таърих, забону фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ ва ҳар ваҷаб пораи хоки Тоҷикистонро азизу муқаддас шуморида, ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург шуморанд. Бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу суруд ва саҳнаҳои тарбиявӣ, ки мавзӯҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ки ба ҳифзи ватану арзишҳои миллӣ водор месозад ба саҳми иштирокдорон расонида шуд.

Дар фарҷом як қатор устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо медали ҷашнии 30 солагии Қуваҳои мусаллаҳи ҶТ аз ҷониби Вазорати мудофиаи ҶТ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон кормандони Вазорат низ баҳри ҳамкориҳои судманд бо сипосномаи донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"