Маросими ҷамъбастии мусобиқаҳои ҳарбии варзишӣ доир гардид
Дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Душанбе дар қисми ҳарбии №02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар доираи Фестивал-озмуни ватандӯстӣ таҳти унвони «Ҳифзи марзу буми Ватан қарзи фарзандии ҳар яки мост» маросими ҷамъбастии мусобиқаҳои ҳарбии варзишӣ аз руйи намуди волейбол, вазнбардорӣ ва турникашӣ миёни сарбозони қисмҳои ҳарбӣ доир гардид.
Дар маросими ҷамъбастии озмуни шаҳрии иншои беҳтарин ва мусобиқаи варзишӣ намояндагон аз КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», Сарраёсати маорифи ш.Душанбе ва сарбозону афсарон иштирок намуданд. Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки Тоҷикистон имконияти мустақилона муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро пайдо намуд. Баъди ба Истиқлолият ноил шудан, дар ҷумҳурӣ Артиши миллӣ таъсис дода шуд, ки ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатиро таҳти назорати доимии худ гирифт ва осоиштагӣ ва оромии шаҳрвандон таъмин карда шуд. Озмуну мусобиқаҳои мазкур барои тарғиби ҳаёти солим, ҷалб намудани сарбозону афсарон ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ ва ба ин васила бедор намуданиҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи КИ ХХДТ дар ш.Душанбе ба ғолибон ва ҷоизадороне ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол намуданд, ҷом, диплом, медал ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи ҳизб ба сарбозони фаъоли кисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ тақдим гардид.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ