«Саҳми бонувон дар рушди пойтахт» зери ин унвон ба муносибати Рӯзи пойтахт ҳамоиши маърифатӣ доир шуд
Ҳамоиши маърифатии «Саҳми бонувон дар рушди пойтахт» бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ созмон дода шуда, дар он фаъолзанони ҳудуди ноҳия аз корхонаву ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ширкати фаъол доштанд.
Зимни баромади худ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ такид дошт, ки бонувон дар баробари дигар бахшу самтҳо бо саҳмгузории амиқ дар рушди самтҳои гуногуни пойтахт мусоидати фаъол намуданд. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки дар заминаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, дар шаҳри Душанбе низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад ва ҳоло занон дар бахшу соҳаҳои гуногун ба сифати роҳбар фаъолияти чашмрас дошта, кори ин ё он соҳаи муҳими шаҳрдориро дар зинаҳои гуногун пеш мебаранд. Ҳоло дар бахши иқтисоду молия, саноату энергетика, маорифу тандурустӣ, илму истеҳсолот ва ободониву кабудизоркунӣ занон масъулияти хешро ба хубӣ иҷро менамоянд. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ низ ин раванд ба таври хуб роҳандозӣ шудааст.
Ширкатдорон бар иловаҳои гуфтаҳои боло дар самти дастгирии занон аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар низ андешаронӣ карданд.
Бо талошу тадбирандешиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвар дар ҳама бахшҳо рушди бесобиқа дорад ва симои шаҳр имрӯзҳо гулпӯшу шукуфон аст. Тавре таъкид рафт дар пойтахт шумораи зиёди муассисаҳои олии таълимӣ фаъолият менамоянд, ки дар баробари таълиму тарбияи ҷавонон, ҳамзамон бонувон дар самти илму ба таҳқиқу пажӯҳиши мавзӯҳои гуногун машғул мебошанд. Яъне дар рушди илму маорифи пойтахт низ ҳоло бонувони тоҷик бо фаъолияти назаррас саҳм мегузоранд.
Ҳамин тавр дар раванди кори мизи мудаввар дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки зери унвони «Саҳми бонувон дар рушди пойтахт» ҷараён гирифт, масъалаҳои марбут ба ин мавзӯъ мавриди баррасии ҳамаҷонибаи ширкатдорони он қарор гирифт. Сохторҳои марбутаи ноҳия, аз ҷумла Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои маърифатиро ташкил намояд.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ