image

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

date_range28.03.2023, 11:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye250

28 март таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст вобаста ба масъалаи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини иҷрои босифат ва саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, нақша-чорабиниҳо таҳия гардидааст.

Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки то фарорасии мавсими сармо ҷараёни омодасозии иншооти таъйиноти энергетикӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ ва захирасозии сӯзишворию маводи зиддилағзишро барои таъмини бемушкилии барқу гармӣ ва фаъолияти муназами соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 вусъат бахшида, иҷрои қарори Ҳукумати мамлакат ва нақша-чорабиниҳои онро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд.

Аз ҷониби аъзои Ҳукумати мамлакат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023 ва ҷудо намудани ҳиссаи (квотаи) истифодабарии объектҳои олами ҳайвоноти ёбоии ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилшуда дар солҳои 2023-2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Лоиҳаи як қатор қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда», лоиҳаи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ноҳияи Тоҷикобод, лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба маблағҳои қарзии Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ, лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар доираи Барномаи волонтёрони Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардида, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Барномаи давлатии рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул карда шуд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ барои таъмини иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо, вусъатбахшии тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, бо сифати баланд ва бо риояи қоидаҳои муосири агротехникӣ анҷом додани кишти баҳорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии мамлакат, бартарафсозии пурраи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ва омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 вазифадор гардиданд.