НИГАРОНӢ АЗ ИСТИФОДАИ СИГОРҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Имрӯз зимни иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни сокинони кишвар, бахусус, насли наврас нигаронии ҷиддӣ карданд.
Таҳқиқоти илми тиб собит намудааст, ки истифодаи мунтазами сигорҳои электронӣ барои саломатии инсон, бахусус, ҷавонону наврасон зараровар буда, ба зиёдшавии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва шуш, аз ҷумла саратон оварда мерасонад.
Аз ин рӯ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллиро вазифадор намуданд, ки қонунгузории кишварро дар ин самт мавриди таҳлил қарор дода, оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ