Мулоқоти гурӯҳи таблиғотии МИҲД шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи ободонию кабудизоркунии пойтахт
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти навбатии гурӯҳи таблиғотии МИҲД-ии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи ободонию кабудизоркунии пойтахт ва ҳамчунин сокинону фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гашт.
Зимни баромади худ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода изҳор дошт, ки иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузории фаъолро талаб менамояд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як барномаи мукаммале мебошад, ки ҳамчун ояндасози миллату давлат арзёбӣ мегардад, чунки дар Паём дар баробари шарҳу тавзеҳи иҷрои нақшаву барномаҳои қабулгардида дар соли гузашта ва дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои солҳои оянда муайян мегардад.
Тавре дар Паём Сарвари давлат таъкид доштанд “Ҳоло дар кишвар дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд”.
Ҳамчунин дар Паёми имсола таъкид гардидааст, ки “Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.
Дар ҷараёни мулоқот изҳор гардид, ки кормандони соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ ҳамчун неруи муҳими созанда бояд дар пешрафт, ободӣ ва зебо гардонидани Ватан саҳми назаррас гузоранд, зеро нигоҳубини муҳити зист, васеъ намудани майдони сабз ва таъмини тозагии маҳалҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманд ба ҳисоб меравад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ