image

Фаъолияти бахши коммуналии ноҳияи Шоҳмансур дар фасли сармо

date_range25.01.2023, 18:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye977

Боришоти зиёди барф дар ҳудуди пойтахт боиси сар задани мушкилоти зиёд миёни аҳолӣ гардид.

Барои бартараф кардани ин мушкилот аз ҷониби масъулини чор ноҳияи шаҳри Душанбе техникаҳои зарурӣ барои тоза намудани роҳҳо аз барф сафарбар гардида, бехатарии роҳҳоро таъмин намуданд. Дар ин миён сохторҳои марбутаи ноҳияи Шоҳмансур низ аз худ фаъолноки нишон доданд. Барои тоза кардани роҳу хиёбонҳо ва мавзеъҳои сераҳолии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур аз барфу ях кормандони бахши коммуналӣ фаъолияти мунтазам доранд, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва пиёдагардон сафарбар шудаанд.

Корҳои тозакорӣ ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф, роҳравҳо ва кучаву хиёбонҳои пойтахт равона шуданд, ки дар доираи корҳои ҳамарузаи худ кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт дар якҷояги бо дигар сохторҳои вобастшуда анҷом медиҳанд.

Новобаста ба вазъи обу ҳаво корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар пойтахт боз ҳам тақвият ёфта, кормандони идораҳои коммуналиву сохтмонии шаҳр машғули коранд ва кушиш ба он менамоянд, ки пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе боз ҳам зебову обод гардад.

Теҳрон Файзов

"ТВ Душанбе"