image

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «MISS DUSHANBE – 2026»

date_range12.02.2026, 23:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye39

Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, рушди соҳаи муд, дарёфт ва дастгирии чеҳраҳои нав, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, озмуни шаҳрии «Miss Dushanbe – 2026» ташкил ва баргузор мегардад.

Дар асоси низомномаи баргузории озмуни шаҳрии «Miss Dushanbe – 2026», Озмун аз 3 номинатсия иборат мебошад.
1. Номинатсия 1 – Miss Dushanbe. 
Ин номинатсия унвони асосии озмун мебошад. Ғолиб вобаста ба натиҷаҳои ҳамаи давраҳо – зебоӣ, роҳравӣ, истеъдод, пурсишу посух, муошират, рафтори саҳнавӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ интихоб мегардад.
Miss Dushanbe чеҳраи пойтахт дар самти фарҳанг, зебоӣ, ҷавонӣ, муд ва тарроҳӣ мебошад.
2. Номинатсия 2 – Miss Intellect. 
Ин унвон ба иштирокчие дода мешавад, ки сатҳи баланди зеҳнӣ, забондонӣ, ҷаҳонбинии васеъ, фаҳмиши иҷтимоию қобилияти андешаронӣ ва малакаи суханронӣ дошта бошад.
Баҳогузорӣ асосан тавассути қисмати «Пурсишу посух» ва фаъолиятҳои маърифатии иштирокчиён сурат мегирад.
3. Номинатсия 3 – Miss Popular choice (Мисс маҳбуби дилҳо)
Ғолиби ин номинатсия аз ҷониби шаҳрвандон интихоб мегардад. 
Иҷроиши номинатсияи мазкур бо роҳи овоздиҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, SMS-паёмакҳо ва дигар шалҳои овоздиҳии электронӣ ба роҳ монда мешавад. 
Иштирокчие, ки бештар овоз мегирад, соҳиби унвони Miss Popular choice (Мисс маҳбуби дилҳо) мегардад.

Ҷиҳати иштирок дар озмун шартҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- довталаб бояд чеҳраи миллӣ дошта бошад;
- синну соли довталаб аз 17 то 28 сола бошад;
- қаду басти довталаб аз 165 см то 185 см бошад;
- вазни довталаб аз 50 кг то 70 кг бошад.

Дар қисмати ҷамъбастии озмун ғолибон эълон гардида, ба ҳар яки он ҷоиза ва маблағи пулии муайян дода мешавад, аз ҷумла:
- Ғолиби номинатсияи Miss Dushanbe бо маблағи 150 000 сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ;
- Ғолиби номинатсияи Miss Intellect бо маблағи 100 000 сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ;
- Ғолиби номинатсияи Miss Popular choice (Мисс маҳбуби дилҳо) бо маблағи 100 000 сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ.

Аз ҷониби ҳайати бадеӣ иштирокчиёни фаъол муайян гардида, ба онҳо сипоснома аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад.