image

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

date_range05.02.2026, 12:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye63

ш.Душанбе. 05.02.2026. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2025 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ  иштирок намуданд.
   Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2025 дар назди намояндагони васоити ахбори омма гузориш доданд.
    Тавре зикр гардид, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
    Маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ. 
Маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 36,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 фоиз зиёд ва саҳми он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 20,7 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра рушди МММ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 126 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 123 фоиз, гардиши савдо 117 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 120 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 132 фоиз, боркашонӣ 115 фоиз ва мусофиркашонӣ 114 фоиз таъмин гардидааст.
Соҳаи саноат. 
Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани нишондиҳандаҳои соҳаи саноати шаҳр дар соли 2025 заминаи мусоид фароҳам овард. 
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 854 корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маблағи беш аз 6,8 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 126 фоизро ташкил медиҳад. 
Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 128,5 миллион сомонӣ ё 29,4 фоиз, саноати коркард беш аз 4,1 миллиард сомонӣ ё 19,1 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 2,5 миллиард сомонӣ ё 31 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа 130 миллион сомонӣ ё 1,6 маротиба нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар таъмин гардид. 
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 63 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 8 ҳазор адад ҷойҳои нави корӣ фаъолиятро оғоз намуданд.
Ҳамзамон дар ин давра бо иштироки Роҳбари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе 7 корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар самтҳои истеҳсоли сару либоси ҳамагуна синну сол, истеҳсоли заргарӣ, сафолакҳо, хишти сабук, оҳак, обҳои ташнашикан ва истеҳсоли гушт бо ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав ва аз ҷиҳати экологӣ тоза бо таъсиси 1400 адад ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Истеҳсоли неруи барқ. 
Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 истеҳсоли энергияи барқ беш аз 1,7 миллиард кВт соатро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар маҷмуъ ба миқдори 4,6 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 377,6 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Маблағи умумии ҳисобшудаи энергияи барқ дар давраи ҳисоботӣ ба 2,04 миллиард сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он бошад 1,93 миллиард сомониро ташкил дод, ки ба 94,6 фоиз баробар мебошад.
Ҳаҷми истифоданамудаи энергияи барқ аз ҷониби аҳолӣ 770,1 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, ҷамъоварии он бошад 781,6 миллион сомонӣ ё 101,5 фоизро ташкил медиҳад.
Истеҳсоли неруӣ гармӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли неруи гармӣ дар шаҳри Душанбе ба беш аз 1,3 миллион Гкал баробар гардид.
Ба тамоми муштариён энергияи гармӣ ба маблағи беш аз  71 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 16 миллион сомонӣ ва ба ташкилоту идораҳои гуногун 55 миллион сомонӣ интиқол гардидааст. 
Дар шаҳр лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» ба маблағи беш аз 11 миллион доллар амалӣ гардид, ки дар доираи он харидории 18 нақлиёти коммуналӣ барои сохтмон, бунёди 16 истгоҳи насосӣ, 36 км қубурҳои гармигузар ва пайвастнамоии 188 бинову иншоот ба анҷом расонида шуд. 
Дар зарфи нуҳ соли охир бошад бо истифода аз маблағҳои буҷетию грантӣ 2105 бинову иншоот дар шаҳр ба шабакаи гармӣ пайваст гардиданд.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ.
Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба беш аз 8,3 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,3 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 3,3 миллиард сомонӣ ё 40 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 4,6 миллиард сомонӣ ё 55 фоиз ба маблағгузориҳои бахши хусусӣ ва 444 миллион сомонӣ ё 5 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.
Дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе айни замон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, меҳмонхонаҳо, иншоотҳои иҷтимоию фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ, корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва роҳҳои автомобилгарди ду-се қабата (эстакадаҳо) ба роҳ монда шудааст.
Дар нуҳ соли охир сохтмони зиёда аз 1287 иншоот аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 28,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ба фондҳои асосӣ супорида шуд.
Дар давраи соли ҷорӣ беш аз 713 ҳазор метри мураббаъ ва дар нуҳ соли охир бошад зиёда аз 4,1 миллион метри мураббаъ иншоотҳои маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба истифода дода шуд, ки ин нишондод нисбат ба нуҳ соли қаблӣ 3,6 маротиба зиёд мебошад.
Нақлиёт.
Дар моҳҳои январ - декабри соли 2025 бо ҳама намудҳои нақлиёт 26 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра, бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд,
беш аз 24 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 94 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 472 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд мебошад.
Тавассути нақлиёти автомобилӣ (корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд) дар ин давра 426 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз зиёд аст.
Бо мақсади беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти комплекси нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти Мақомот қарор дорад.
Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 17 ҷамъияти хусусии нақлиётӣ ва 4 ширкати таксӣ амалӣ гардида истодааст. 
Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 91 хатсайрҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 33 адад автобусгард, 9 адад троллейбусгард ва 49 адад микроавтобусгард мебошанд, ба роҳ монда шудааст.
Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамаруза то 350 автобус, 50 троллейбус, 928 микроавтобуси сектори хусусӣ ва беш аз 11,8 ҳазор воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.
Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе дар маҷмуъ 14126 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 701 адад нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1210 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва 12215 воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд.
Технология ва инноватсия.
Соли 2025 шаҳри Душанбе бо татбиқи босамари барномаву нақшаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои ҳушманду зеҳнӣ ва густариши технологияҳои баланд ба марҳилаи нав ва муассири идоракунии шаҳрӣ қадам гузошт.
Бо мақсади тақвияти низоми муосири рақамикунонӣ, танзим ва амалинамоии лоиҳаҳои ҳушманд дар шаҳр дар ин давра бо иштироки Роҳбари давлат бинои 4 ошёнаи наву замонавии КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» бо инобати марказҳои бузурги коркарди маълумот ва назоратию мушоҳидавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар Маркази назоратӣ кормандони раёсатҳои ВКД, БДА ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе шабонарузӣ фаъолият намуда, амнияти шаҳрвандону меҳмонон ва назорати фаъолияти инфрасохтори пойтахтро таъмин менамоянд.
Айни замон татбиқи беш аз 20 лоиҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми «Шаҳри ҳушманд», аз ҷумла дар самти рушди «иқтисоди рақамӣ», «иқтисоди сабз (шаҳри сабз)», «нақлиёти ҳушманд», «тибби ҳушманд», «таълими ҳушманд», «рушноии ҳушманд», «харитаи электронӣ» ва як қатор самтҳои дигар роҳандозӣ гардидааст.
Барномаи электронии «Е-дониш» ба раванди сифати таълим мусоидат намуда, назорати давомот ва даромаду баромади хонандагон, инчунин барои муайян намудани рейтинги хониши мактаббачагон ба муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо ёрӣ мерасонад, ки то ин муддат 191 муассисаи таълимӣ бо 14,5 ҳазор омузгорон, 277,7 ҳазор волидайн ва 305,3 ҳазор хонандагон ба шабакаи электронии мазкур пайваст гардидаанд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда дар шаҳри Душанбе», айни ҳол 149 камераҳои назоратӣ насб гардида, фаъолияти онҳо мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Бо мақсади татбиқи лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок «City parking» дар ҳудуди кучаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе то инҷониб дар 308 минтақа таваққуфгоҳҳои музднок, дар 81 чорроҳаҳои автомобилгард 205 камераҳои назоратӣ ва дар 58 кучаю роҳҳо 67 камераҳои суръатсанҷ насб гардидааст.
Дар хатсайрҳои автобусгарду троллейбусгард дар доираи низоми пардохти электронии ҳаққи хизмати мусофиркашонӣ «(City Card)» то инҷониб 1,1 миллион кортҳои пластикӣ ба шаҳрвандони кишвар барои ворид шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ дастрас гардид.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтарнамоии сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии пойтахт низоми электронии навигатсияи нақлиётҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ таҷҳизоти «GPS - tracker» ва сенсори баҳисобгирии ҷараёни мусофирон дар 510 адад автобус ва 103 адад троллейбус, инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар 57 электробус таҷҳизоти мазкур насб карда шуд.
Гардиши савдои хориҷӣ ва робитаҳои байналмилалӣ. 
Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ 1,8 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 23,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ содирот 263,3 миллион доллар ва воридот 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта мутаносибан 3 маротиба ва 12 фоиз зиёд мебошанд.
Дар натиҷаи густариши ҳамкориҳои судманди иқтисоди хориҷӣ ва роҳандозии тадбирҳои мақсаднок тайи нуҳ соли охир гардиши савдои хориҷӣ 4 маротиба афзоиш ёфт.
Дар ин давра робитаҳои хориҷии шаҳри Душанбе тақвият ёфта, корхонаву ташкилотҳои шаҳр бо зиёда аз 62 давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла 52 кишварҳои хориҷи дур ва 10 кишварҳои ИДМ муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро ба роҳ монданд.
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе айни ҳол бо 23 шаҳрҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибатҳои бародаршаҳрӣ дошта, бо 5 шаҳрҳо, аз ҷумла Москва, Тошканд, Пекин, Чэнду ва Ханджоу дар асоси Созишномаҳои байнидавлатӣ муносибатҳои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ, илмӣ -техникӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст.
Яке аз руйдоди муҳими давраи ҳисоботӣ ин эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун «Пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026» мебошад, ки аз ҷониби Шурои иҷроияи фарҳангии Осиё санаи 28 ноябри соли 2025 тасдиқ гардидааст. 
Вазъи бозори истеъмолӣ.
Бо мақсади роҳандозии ислоҳот дар бозори истеъмолӣ, беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдою хизматрасонӣ, ба танзим даровардани нархи маҳсулот ва ҷорӣ намудани рақобати солим дар асоси принсипҳои иқтисоди бозорӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Дар ин давра баҳри таъмин ва фуруши молу маҳсулот дар пойтахт 27 адад бозорҳои коммуналию хусусӣ, аз ҷумла 21 адад дар самти кишоварзӣ, 5 адад фуруши молҳои саноатӣ ва 1 адад бозори масолеҳи сохтмонӣ фаъолият намуда истодааст. 
Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт дар арафаи идҳои миллию давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаи фуруши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмуъ дар ин давра 2,8 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалияро бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.
Ҳамзамон дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналию хусусӣ ва дар 15 нуқтаҳои сераҳолии шаҳр ҳамаруза тавассути ярмаркаҳои доимоамалкунандаи молу маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ бо нархҳои дастрас ба фуруш гузошта шудааст.
Бо мақсади сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 Мақомот тасмим гирифтааст, ки маҳсулотҳои ниёзи аввалияро, аз қабили картошка - 3000 тонна, пиёз - 5000 тонна, сабзӣ - 1000 тонна, шакар - 2000 тонна, равғани растанӣ - 500 тонна, орд - 3000 тонна, гандум - 6000 тонна ва биринҷ ба миқдори 100 тонна захира намояд.
Дар ин давра иҷрои нақшаи картошка - 107 фоиз, пиёз - 101 фоиз, шакар - 116 фоиз, равғани растанӣ - 114 фоиз, орд - 102 фоиз, гандум - 87 фоиз ва биринҷ - 1,7 маротиба таъмин гардида, иловатан корҳо тибқи нақша бо маром идома доранд.
Дар баробари ин, дар 12 бозорҳои истеъмолии шаҳр ба миқдори ҳазор тонна захираи маҳсулоти ниёзи аввали мардум роҳандозӣ гардидааст, ки то инҷониб иҷрои нақшаи он аз ҷониби масъулин пурра таъмин гардид.  
Дар самти пешгирии болоравии нарх ва ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти гуштӣ аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фуруши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар ин давра ба миқдори 3,7 ҳазор тонна гушт бо нархи нисбатан арзон харидорӣ, ворид ва ба фуруш гузошта шуд.   
Бо мақсади ғанӣ гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти озуқа ва таъмини аҳолии пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, айни замон 38 сардхона бо масоҳати 21,2 ҳазор м2 ва бо ғунҷоиши 40,3 ҳазор тонна маҳсулот фаъолият намуда истодааст.
Дар сардхонаҳои болозикр 7,7 ҳазор тонна маҳсулоти озуқаворӣ захира ва нигоҳдорӣ карда шудааст.
Кишоварзӣ.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки шаҳри Душанбе ба шумор рафта, рушди босуботи он дар таҳким бахшидани маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ мавқеи хоса дошта, омили ба шуғли доими ҷалб намудани аҳолӣ ва ғани гардонидани бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳри Душанбе ба 226,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 миллион сомонӣ ё 4 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 210 миллион сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 17 миллион сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.
Соли 2025 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳри Душанбе дар майдони 2601 гектар замин, аз ҷумла 668 гектар ғалладонагиҳо, 208 гектар зироатҳои техникӣ, 430 гектар картошка, 969 гектар сабзавот, 6 гектар полизӣ ва 321 гектар зироатҳои хуроки чорво кишт гузаронида шуд.
     Ободонӣ ва кабудизоркунӣ. 
Дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуд.
Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани кучаю хиёбонҳои пойтахт давоми 9 соли охир ба миқдори 2,2 миллион бех дарахту буттаҳо, 132 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуда, дар масоҳати 2,5 миллион метри мураббаъ майдони майсазору чаманзор ташкил карда шуд.
Ҷиҳати зиёд намудани навъи дарахтони нодир то инҷониб ба миқдори 51 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар мавзеҳои муайяни шаҳр шинонида шуд.
Дар мавсими ниҳолшинонии соли ҷорӣ дар кучаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 631 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 22 миллион адад гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола ва дар майдони 200 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.
Тайи солҳои 2017-2025 дар шаҳр 76 адад боғу гулгаштҳо бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Айни замон дар ҳудуди пойтахт 17 адад боғҳои фарҳангию фароғатӣ, 1 боғи ҳайвонот ва МД «Майдони истиқлол» фаъолият менамоянд.
Кор дар самти идеологӣ. 
Мақомот фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандустиву хештаншиносии сокинони шаҳр, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ ба таври ҳамешагӣ равона намуд.
Дар ин давра 284 маротиба вохурию мулоқотҳои бевоситаи роҳбарияти мақомот бо фарогирии зиёда аз 57 ҳазор нафар масъулини сохторҳои марбута ва сокинони як қатор шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт доир карда шуд.
Соҳаи маориф.
Баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, ки яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Мақомот ва омили асосии омодасозии захираҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад, пайваста чораҳои муассир амалӣ гардида истодааст.
Дар шаҳри Душанбе 178 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ин теъдод 96 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 72 муассисаи томактабии хусусӣ ва 10 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо бо фарогирии 36613 нафар тарбиятгирандагон ва 2153 нафар мураббияҳо фаъолият намуда истодаанд.
Дар баробари ин, 208 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 7 таҳсилоти ибтидоӣ, 20 таҳсилоти умумии асосӣ, 179 таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типпи нав ва махсус), 1 таҳсилоти ғоибона ва 1 махсуси душвортарбия фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод, 172 муассисаҳои таълимии давлатӣ ва 36 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмуъ бо фарогирии 320712 нафар хонанда фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 168968 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 12852 нафар омузгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 535 нафар зиёд мебошад.
Дар зарфи нуҳ соли охир бо бунёди беш аз 54 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 94,2 ҳазор хонанда дар ду баст ва 42 муассисаҳои томактабӣ барои беш аз 8,5 ҳазор тарбиятгиранда шароити мусоиди таҳсил ва корӣ фароҳам оварда шуд.
Муҳассилини муассисаҳои таълимии пойтахт пайваста дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат намуда, сазовори дастовардҳои назаррас мегарданд.
Дар ин давра хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар умум 2447 медал, аз ҷумла аз ҳисоби Олимпиадаҳои фаннӣ дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ 971 медал ва аз ҳисоби Олимпиадаҳои байналмилалӣ 1476 медалро ба даст овардаанд, ки аз ин ҳисоб шаҳри Душанбе дар байни дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор дорад.
Дар баробари ин, бо ташаббуси роҳбарияти Мақомот тайи чор сол аст, ки озмунҳои шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ» ташкилу баргузор карда мешавад, ки дар доираи он то инҷониб 132 нафар истеъдодҳои наврас ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон дар доираи озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм - фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» довталабони шаҳрӣ пайваста кушишу иштирок намуда, дар муддати панҷ соли охир дар даври ҷумҳуриявии озмунҳо сазовори 496 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор доранд.
Соҳаи тандурустӣ. 
Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, муосир ва муҷҷаҳазгардонии инфрасохтори соҳаи тандурустии пойтахт, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ яке аз вазифаҳои асосии Мақомот ба ҳисоб мераванд, ки дар ин самт бевосита 16 адад барномаву стратегияҳои миллӣ ва соҳавӣ самарабахш амалӣ гардида истодааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии пойтахт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд, ки дар ин замина 497 нафар табибон ва 657 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос ва бозомузии касбӣ гузаштанд.
Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 135,8 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки ин 10,6 фоизи шумораи умумии аҳолии пойтахтро дар бар мегирад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 46,5 ҳазор нафар ё 34,2 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
Дараҷанокии касбии табибон ва кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустӣ дар ин давра 97,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти шаҳрдорӣ дар маҷмуъ 90 нафар кудакони маъюб ва дорои нуқсони модарзодии дилдошта, ки аз минтақаҳои гуногуни кишвар муроҷиат намуданд, пурра тариқи ройгон ба ҷарроҳӣ ва солимгардонӣ фаро гирифта шуданд.
Баҳри пешниҳоди хизматрасониҳои муосири тиббӣ ва таъмини шароити арзандаи табобат ба беморон соли ҷорӣ 3 иншоот, аз ҷумла Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сухта дар шаҳри Душанбе бо 230 кат, Маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» ва Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгоҳу таҷҳизотҳои ҳозиразамон мавриди истифода қарор дода шуданд.   
Соҳаи фарҳанг.
Фарҳанг самти муҳими иҷтимоӣ дар сиёсати шаҳрӣ мавқеи махсус дошта, масъулин барои ташкилу баргузории шоистаи иду ҷашнҳо ва рушди соҳа як қатор чорабиниҳои мақсаднокро амалӣ намуданд. 
Дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мактаби бачагонаи санъат ва мактаби бачагонаи рассомӣ 940 нафар муҳассилин бо омухтани ҳунару санъат ва навозиши асбобҳои гуногуни мусиқӣ фаро гирифта шудаанд.
Бо мақсади рушди соҳаи фарҳанг, ҷалб ва омодасозии санъаткорон, инчунин таъмини шароити арзандаи омузиш ба муҳассилин тайи ду соли охир 4 иншооти нави замонавӣ, аз ҷумла Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев ва Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим сохта ва ба истифода дода шуд.  
Зан ва оила. 
Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхурии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд.
Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 619,7 ҳазор нафарро бонувон, аз ин 208,5 ҳазор нафарро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд.
Дар ин давра 6063 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, беш аз 2219 нафари дигар курсҳои касбомузиро аз руи ихтисосҳои дузандагӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридузӣ ва курсҳои кутоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намуданд.
Илова бар ин, дар ин давра шумораи соҳибкорзанон афзоиш ёфта, ба беш аз 15,1 ҳазор нафар расид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 10292 оилаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 179 ҳолат зиёд мебошад.
Шумораи бекоршавии ақди никоҳ ба 1559 адад расида, нисбат ба соли гузашта 120 адад кам мебошад.
Ҷавонон ва варзиш.
Дар робита ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар ин давра як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.
Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 651 ҳазор нафарро мардҳо, аз ин 240 ҳазор нафарро ҷавонписарон ташкил медиҳанд. Ҷавонон неруи созанда ва идомадиҳандаи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин рушду пешрафти ҷомеа мебошанд. Тақрибан 65 фоизи шумораи аҳолии шаҳрро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Бо ин мақсад дар пойтахт дар давраи ҳисоботӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандустии шаҳрвандон, инчунин рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҷмуъ 4024 чорабинӣ бо фарогирии 1,3 миллион нафар гузаронида шуд.
Дар 10 муассисаи давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» 380 нафар мураббиёни дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос ба 5723 нафар варзишгарон дар 335 гуруҳ машқу тамринҳоро ба роҳ монданд.
Хамзамон дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгарони шаҳри Душанбе дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву Ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё ширкат варзида, соҳиби 9512 адад медал (тилло - 3516 адад, нуқра - 2835 адад ва биринҷӣ - 3161 адад) гардиданд.
Дастпарварони мактабҳои варзиши пойтахт дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 350 медал, аз ҷумла 124 медали тилло, 96 нуқра ва 130 биринҷӣ гардиданд.
Баҳри рушду фаъолияти волонтёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, иштирок, ҷалб ва ҳавасмандсозии сокинон дар самти тозагию ободонии пойтахти азизамон Клуби «Волонтёрони экологӣ» дар назди Раиси шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Сайёҳӣ.
Яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба меҳмонон ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бахши хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Дар ин давра 1,8 миллион нафар сайёҳ тариқи тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардиданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 301,4 ҳазор нафар ва ё 19 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи таҳлил ва арзёбии соҳа аз шумораи умумии сайёҳони ба ҷумҳурӣ воридгардида, 61 фоиз ё 1,1 миллион нафари онҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз хизматрасониҳои маишию сайёҳии пойтахт истифода намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 370,5 ҳазор меҳмонон тариқи фурудгоҳи байналмилалӣ ва роҳи оҳан аз хориҷи кишвар ба шаҳри Душанбе сафар намуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 123,1 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Бо ташаббуси Мақомот соли ҷорӣ бахшида ба «Рузи ҷаҳонии сайёҳӣ» дар пойтахт дуюмин Намоишгоҳи «Dushande International Tourism Exhibition» (DITE-2025) баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 ширкатҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 65 ширкатҳо аз кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, молу маҳсулот ва хизматрасонии худро ба таври васеъ муаррифӣ намуданд.
Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси ниёгон 156 чорабиниҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус 75 сайёҳати дохилишаҳрӣ «RED BUS TOURS» ва кучаи мавсимии сайёҳии «Куруши Кабир» ташкилу баргузор карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади муаррифии бренди миллии сайёҳӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ хатсайри сайёҳии «Сайри Меҳргон» ва «Сада» бо ҷалби намояндагони корпуси дипломатӣ, донишҷуёни хориҷӣ, меҳмонони пойтахт, сайёҳони хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ташкил гардид.
Иштирокчиёни хатсайри мазкур бо таъриху суннатҳои ҷашнҳои миллию давлатӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ ва меҳмондории тоҷикона аз наздик шинос шуданд.
Инчунин дар доираи чорабиниҳои давлатию байналмилалӣ хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ бо ҷалби сокинон, меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ ташкил карда шуд.
Вазъи ҷинояткорӣ.
Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон дод, ки шумораи ҷиноятҳо коҳиш ёфта, барои риояи тартиботи ҷамъиятӣ тамоми чораҳои муҳиму мақсаднок равона гардид. 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
     Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2025 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.