image

Идомаи мулоқоту вохӯриҳои судманди намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

date_range16.01.2023, 14:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye731

Бо иштироки гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои пойтахт баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманд бо сокинон ва кормандони касбу кори гуногун вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ идома дорад.

Чунин мулоқот дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ин навбат бо имомхатибони масҷидҳои ҳудуди шаҳр баргузор шуд. Роҳбарият ва кормандони Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва 4 ноҳияи пойтахт, имомхатибони масҷидҳои шаҳр ва ходимони дин аз ҷумлаи иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ буданд.

Намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, ки шомили гурӯҳи корӣ мебошанд, дар мулоқот иштирок намуда, доир ба нишондоди барномавии Паёми роҳбари давлат андешаронӣ намуданд.

Дар ин тадбири маърифатӣ бо ишора ба Паём доир ба муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишвар, рушди соҳаҳои тандурустиву маориф ва фарҳанг андешаронӣ сурат гирифт.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"