ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди татбиқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) доир ба амалисозии лоиҳаи «Таҷдиди таҷҳизоти сканкунии борҳо дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен дар масири байналмилалии нақлиётии Транскаспий» бо намояндагони ин агентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрук хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳо оид ба корҳои омодагӣ, марҳилаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа, талаботи техникӣ ва ташкилии насби таҷҳизоти муосири сканкунии борҳо, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор муҳокима гардиданд.
Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳа барои тақвияти имконоти техникии мақомоти гумрук, баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ ва такмили инфрасохтори гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон ба масъалаи сари вақт ва бо сифати баланд амалӣ намудани корҳои пешбинишуда, мутобиқати таҷҳизоти насбшаванда ба талаботи муосири назорати гумрукӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Намояндагони JICA иттилоъ доданд, ки тибқи нақшаи пешбинишуда, баргузории расмиёти тендерӣ барои интихоби пудратчиён ва таъминкунандагони дахлдор моҳи декабри соли равон дар назар дошта шудааст. Интизор меравад, ки пас аз анҷоми расмиёти тендерӣ ва иҷрои корҳои омодагӣ моҳи марти соли 2027 корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен оғоз гарданд.
Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории судманд, таҳкими робитаҳои касбӣ ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи тадбирҳои муштарак барои татбиқи босифати ин лоиҳа изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






