Ҷумъа, 20 ноябр 2026
Сиёсат

Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва (МТУСИ) бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ ва намоиши театрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти соҳавии Федератсияи Русия, корпуси дипломатии муқими шаҳри Москва, доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёни тоҷик, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Русия иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки Робиаи Балхӣ аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти классикии тоҷику форс буда, бо истеъдоди нодир, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорати баланди суханварӣ дар таърихи фарҳангу адабиёти миллӣ мақоми хосса касб намудааст. Осори гаронбаҳои ин бонуи соҳибқалам на танҳо бозгӯи эҳсосу андешаҳои инсонист, балки намунаи олии зебоишиносӣ, озодандешӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси гаронбаҳои фарҳангиву адабии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори шахсиятҳои барҷастаи таърихиву адабӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Иброз гардид, ки мероси адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷику форс яке аз муҳимтарин пояҳои худшиносии миллӣ ба шумор рафта, омӯзиш ва муаррифии шахсиятҳои барҷастаи илму адаб дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа нақши муассир дорад. Робиаи Балхӣ ҳамчун яке аз нахустин намояндагони адабиёти тоҷику форс бо осори пурмуҳтаво ва шахсияти нотакрори худ дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста дошта, омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳаёт ва эҷодиёти ӯ барои шинохти амиқтари таърихи адабиёт ва фарҳанги миллӣ аҳаммияти махсус дорад.

Инчунин дар доираи чорабинӣ донишҷӯёни рус, ки дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва (МГЛУ) таҳсил менамоянд, шеърҳои Робиаи Балхиро ба забони тоҷикӣ қироат карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ оид ба рӯзгор ва зиндагиномаи ӯ намоиши театрӣ ба саҳна гузошта шуд.

Муаллифи матни намоиш нависандаи тоҷик Маҷид Салим буда, онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов ва ҳунарпешаи театру кино, роҳбари гурӯҳи эҷодии донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  Шуҷоат Асадуллозода, ки дар доираи Фестивали театрии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «ГИТИС-мастер-класс» (16-24 ноябри соли 2026) дар шаҳри Москва қарор доранд, таҳияю саҳнагузорӣ намудаанд.

Дар намоиш нақшҳоро донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон иҷро намуда, тавассути саҳнаҳои ҷудогона лаҳзаҳои гуногуни зиндагии Робиаи Балхӣ, аз ҷумла муҳаббат, ҷасорат, озодандешӣ ва муборизаи ӯро барои арзишҳои инсонӣ таҷассум карданд.

Бояд гуфт, ки соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj