ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» Валид Ан-Нисф вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар вохӯрӣ оид ба ҷойгоҳу нақши муассири расонаҳо дар таъмиқи шинохт ва тафоҳуми мутақобил ва низ густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули назар доир шуд.
Зимни қадрдонӣ аз эҳтимоми рӯзномаи «Ал-Қабас» ба пӯшишу бозтоби робитаҳои ду мамлакат сафир бар аҳаммияти нақши расонаҳо дар муаррифии дастовардҳо ва фурсатҳои ҳамкории дуҷониба таъкид кард.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






