image

Мулоқоти намояндагони соҳаи кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони соҳаи нақлиёти шаҳр

date_range04.08.2023, 14:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye401

Дар Муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва корхонаву ҷамъиятҳои соҳавии бахши нақлиёти пойтахт имрӯзҳо ронандагони ҷавон фаъолияти меҳнатиро пеш мебаранд. Аз ин рӯ мулоқоти навбатии масъулини соҳаи кор бо ҷавонони шаҳр бо кормандони Муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар маҷлисгоҳи Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино мулоқот доир гардид.

Ширкатдорон дар баромади хеш зикр намуданд, ки мулоқот дар доираи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Зимнан, аз ҷониби масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, вобаста ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, маданияти шаҳрнишинӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, пешгирии фарҳанги бегона, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии падидаҳои номатлуби иртиҷоӣ аз қабили террористиву экстремистӣ, савдои одамон, ҷинояткориву қонуншиканиҳо ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони муассисаи мазкур доир гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар он масъалаи таъсиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баррасии шуда, аз рӯйи он қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Мавриди зикр аст, ки чунин иқдом дар дигар корхонаву идора ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе идома дода мешавад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"