image

Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range27.03.2023, 10:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye239

Тавре ба ҳамагон маълум аст, аз санаи 22 то 24-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла Конфронси Созмони Милали Мутаҳид доир ба шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" баргузор гардид.

Дар ин замина раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамовози ба конфронси мазкур бо иштироки олимону муҳақиқони ватанӣ ва намояндагону коршиносони Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷи кишвар аз ҷумла Шоҳигарии Нидерланд, Ҳиндустон, Малайзия ва дигар кишварҳо таҳти унвони «Президенти ҶТ ташаббускори ҳалли масоили вобаста ба об дар минтақа ва ҷаҳон» Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалиро доир намуд.

Зимни ҷамъомад масъулини Донишгоҳ сухан карда, қайд намуданд, ки Об яке аз сарчашмаҳои асосии ҳаёти инсон буда, дар пиряхҳо захира мегардад ва ба таври табии солиёни зиёд мавҷудияти обро нигоҳ медорад ва нақши онҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомидани хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, масъалаи истифодаи самараноки захираҳои об, аз талафот нигоҳ доштани он хубтару беҳтар гардонидани сифати он ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он дар мадди аввали таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон карор дорад.

Қайд гардид, ки эълон гардидани даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» танҳо як ташаббусу пешниҳод нест, балки натиҷаи талошу тадбирҳои сершумори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи бештар таъмин намудани некуаҳволии сокинони саёраи замин, ки имрӯз дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ барои онҳо яке аз мушкилоти муҳимтарин аст, ва ҳаллу фасли он ҳамкориву ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонро тақозо менамояд ба шумор меравад.

Дар идома коршиносони Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Шоҳигарии Нидерланд, Ҳиндустон, Малайзия ва инчунин роҳбарони филалҳои Донишгоҳ дар Вилоятҳои Суғду Хатлон тариқи маҷозӣ ба сухан баромада қайд карданд, ки ҶТ яке аз кишварҳое дар дунё мебошад, ки ҳамаи пешниҳодҳояш ба манфиати мардуми сайёра баҳисоб меравад, ва мардуми сайёра низ аз ин иқдому пешниҳодҳои Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад.

Қиёмиддини Ҳомид
ТВ "Душанбе"