Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва аҳамияти қабули эълон намудани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо
Дар толори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва аҳамияти қабули эълон намудани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо» конфронси байналмиллалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар кори Конфронс, роҳбарият олимону муҳаққиқон ва меҳмонони дохилу хориҷӣ иштирок намуданд. Нахуст роҳбарияти Марказ дар бораи аҳамияти қабули эълон намудани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо ва коркарди роҳҳои ҳамкорӣ барои ба ҳадафи ниҳоии ин эъломия расидан дар сатҳи ҷаҳонӣ, раванди обшавии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ, таҳияи роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ноил шудан ба омӯзиши нави инноватсионии пиряхҳо дар асоси роҳандозӣ намудани эъломияи панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишоф додани баҳодиҳии ҳолати пиряхҳо бо усулҳои бунёдӣ ва роҳҳои коркарди ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони платформаи оид ба мубодилаи ахбороти илмӣ дар бораи вазъияти пиряхҳо, тадбирҳо оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба ҳозирин муфассал маълумот дод. Ҳамчунин роҷеъ ба дигар паҳлуҳои кори конфронс баромадкунандагон низ фикру ақидаи худро баён дошта, роҷеъ ба сабабу омилҳои обшавии босуръати Пиряхҳо ва роҳҳои пешгирии он андешаҳои худро баён намуданд.
Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо давоми моҳҳои июн-августи соли сипаришуда ҷиҳати таҳқиқ ва омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон ва кулҳои Қароқул ва Искандаркул корҳои муҳими пажуҳишӣ анҷом додаанд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ