image

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мусобақаи футболи хурд ҷамъбаст гардид

date_range29.03.2023, 14:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye271

Бо мақсади ҷалби кормандони касбу кори гуногун ба тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти намудҳои гуногуни варзиш аз ҷумла футбол ва татбиқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ миёни кормандони корхонаву идора ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия мусобиқаи футболи хурд доир шуд.

Гуфта мешавад, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бахши таркибии маҷмӯи маданият ва як соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда, барои таҳкими саломатӣ, рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон равона гардидааст. Барои роҳхат гирифтан ба даври финалӣ, ва сазовори номи тими беҳтарин гаштан дастаҳо рақобати солимро ҷорӣ намуданд.

Мусобиқаи мазкур давоми 2 ҳафта давом карда, дар он датстаҳои корхонаву идора ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия рақобат намуда, дар натиҷа дастаи Амонатбонк сазовори ҷойи аввал, дастаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва дастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сазовори ҷойи сеюм гаштанд. Ҳамин гуна ба тамоми ғолибон намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷом, медал ва мукофотпулиҳоро супориданд.

Бозиҳои дастаҳо дар майдончаи варзишии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино доир гашта, масъулин мақсади асосӣ аз доир намудани ин мусобиқаро дар муаяйн намудани дастаи мунтахаби футболи ноҳияи Исмоили Сомонӣ маънидод намуданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"