Қадрдонии ғолибони олимпиадаи Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ шаҳри Душанбе
Дар Кохи Суруш бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми шаҳрии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2023 баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми шаҳрии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2022-2023 муовини Раиси шаҳри Душанбе, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт, инчунин ғолибони олимпиадаҳо ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар ифтитоҳи маросим иброз намуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби хонандагону наврасон ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ пайваста тадбирҳои муҳим роҳандозӣ менамояд».
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе марказҳои рушди истеъдодҳо таъсис дода шуда, бо лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Танҳо дар ҳамин сол дар пойтахт 8 намуд олимпиадаҳои гуногуни фаннӣ ва зеҳнӣ бо ҷалби зиёда аз 5000 хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гардиданд, ки ин нишондод аз солҳои қаблӣ ба маротиб бештар аст. Дар ин сабқатҳо аз чор ноҳияи пойтахт 5356 нафар иштирок намуда аз ин шумора 980 нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки 183 нафари онҳо хонандагони синфҳои 11-ум мебошанд. Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври сеюми олимпиадаҳои фаннии хонандагон нишон дод, ки ноҳияи Сино бо гирифтани 499 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввал, ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гирифтани 189 ҷойи ифтихорӣ мақоми ҷойи дуюм, ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 157 ҷойи ифтихорӣ ва ноҳияи шоҳмансур бо гирифтани 134 ҷойи ифтихорӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Сипас аз ҷониби масъулин ба ғолибони 8 номинатсия- “Даҳ муассисаи типи нав дар ҳаракати олимпӣ фаъоли пойтахт”, “Даҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаракати олимпӣ фаъоли пойтахт”, “Се ноҳияи дар ҳаракати олимпӣ фаъоли пойтахт” “Се маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои дар ҳаракати олимпӣ фаъоли пойтахт” “Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ олимпиадаи даставии «Истеъдод»”, “Беҳтарин дастаи муассисаҳои типи нави олимпиадаи даставии «Истеъдод»” “Беҳтарин дастаи писарон дар олимпиадаи «Шоҳмот»”, “Беҳтарин дастаи духтарон дар олимпиадаи «Шоҳмот»”, “Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ олимпиадаи даставии «Spelling Bee»”, “Беҳтарин дастаи муассисаҳои типи нави олимпиадаи даставии «Spelling Bee»” “Ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ” ифтихорномаҳо супорида шуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ 219 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҷойҳои фахриии олимпиадаҳои фанниро сазовор гардиданд, қадрдонӣ гардиданд. Инчунин барои таълим ва тарбияи хонандагон дар даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагон 15 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо ифтихорнома ва роҳхат қадрдонӣ гардиданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ