image

Чорабинии фарҳангӣ зери унвони «Об манбаи ҳаёт» дар боғчаи №127

date_range11.04.2023, 11:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye249

Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №127-и ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии фарҳангӣ зери унвони «Об манбаи ҳаёт» доир гардид.

Ҳамоиши маърифатӣ ба ин муносибат дар муассисаи томактабӣ бо қироати шеър аз ҷониби хурдослон оғоз гардид. Барномаи рангини фарҳангиро тарбиятгирандагон пешниҳод намуданд.

Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки то имрӯз зери сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли масъалаҳои об, норасоӣ, сарфакоронаю мақсаднок истифода бурдани оби нӯшокӣ дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои созанда мавриди амал қарор доранд. Пешниҳоди чоруми ҷониби Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» мебошад, ки аз ҷониби қариб ду сад давлати дунё дастгирӣ ёфт.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"