image

Маҳфил – викторинаи “”Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат”

date_range10.05.2023, 16:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye250

Дар толори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак. М. Осимӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» нахустин маҳфил - викторинаи “”Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” дар мавзӯи “Инъикоси тамаддуни қадими халқи тоҷик дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.

Дар нахустин маҳфил - викторина доктори илмҳои таърих, профессор Юсуфшо Яъқубшо, муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, роҳбари маҳфили ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат ва аъзоёни ин маҳфил иштирок ва суханронӣ намуданд. Номбурда вобаста ба зарурати омухтани таърихи пурғановати тоҷик аз ҷониби ҷавонон ибрози ақида намуд. Ӯ қайд намуд, ки ҷавононро мебояд, ки китоби мондагони “Тоҷикон”-ро, ки сарчашмаи худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад, омӯхта, дар пайравӣ аз ниёгони шарафманди хеш баҳри рушди ин Ватан ва миллат талош намоянд.

Сипас, доктори илмҳои таърих, профессор Юсуфшо Яъкубшо ба сухан баромада, вобаста ба аҳамият ва нақши озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат» дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон ибрози ақида намуд. Қайд гардид, ки таърих тамоми мархилахои сипаришудаи ниёгони халкро мавриди инъикос карор дода барои насли имруз дасри ибрат аст.

Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯён ба меҳмони маҳфил суолҳо доир ба мавзӯи тамаддуни қадими халқи тоҷик дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дода шуд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"