image

Баргузории консерти ҳисоботии хори Консерватория

date_range16.05.2023, 18:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye249

Дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти ҳисоботии хори Консерватория зери роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Холаҳмад Маҷидов ва дирижёр Бахтовар Давлатов баргузор гардид.

Дар ин чорабини аҳли ҳунар, устодони соҳаи санъат ва роҳбарияту кормандони Консерваторияи миллӣ иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки Холаҳмад Маҷидов донандаи хуби мусиқӣ, навозандаи якчанд созҳои гуногуни мусиқист. «Фаъолияти кориаш чун хормейстер аз соли 1973 оғоз ёфтааст. Ҳоло донишҷуёни ин риштаи мусиқи бо истифода аз созҳои Маҷидов малакаи хешро сайқал медиҳанд. Бояд гуфт, ки чунин барномаҳои консерти бозгукунандаи фарҳанги бойю қадимаи мо тоҷикон буда, баҳри рушду густариши он саҳми назаррас мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки устод Холаҳмад Маҷидов дар рушди санъати мусиқии мо нақши созгор гузашта, ҳамчун устоди консерватория дар омода намудани мутахассисони ин бахш саҳм мегузорад.

Теҳрон Файзов 

"ТВ ДУШАНБЕ"