image

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2023» доир шуд

date_range22.05.2023, 12:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye201

Дар толори Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи рақами 5»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Шуъбаи маорифи ноҳия даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2023» доир карда шуд, ки дар он омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок ва ҳисоботи эҷодии хешро пешниҳоди аъзои ҳакамони озмун гардониданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонидани омӯзгоронии фаъоли муассисаҳои таълимӣ, дастгирии моддӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри инкишофи рағбати омӯзгорон ба ташаббускорию эҷодкорӣ ва тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамасола миёни кормандони соҳаи маориф озмунҳои соҳавӣ доир карда мешавад.

Дар даври ноҳиявии озмуни «Омӯзгори сол-2023» роҳбарияти Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, иштирокчиёни даври ноҳиявии Озмуни «Омӯзгор сол-2023» ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзиданд. Ҳайати ҳакамон ҳисоботи эҷодии омӯзгоронро, ки ҳамчун довталаб дар озмун иштирок менамоянд мавриди санҷиш қарор доданд.

Тавре, ки масъулин иттилоъ доданд, озмун маҳорати касбии омӯзгоронро ҳангоми баргузории дарсҳои таълимӣ ва тарбиявӣ, ҷаласаҳои волидон, ифодаи фикр, ҳалли масъалаҳои тазассусӣ, кор бо технологияи муосир, ҷавоб ба саволҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳалли муаммоҳои педагогӣ ва дастовардҳои иштирокдоронро дар доираи талаботҳои Низомномаи озмун месанҷанд. Соли равон дар озмуни Омӯзгори сол дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 16 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиӣ 16 нафар иштирок менамоянд.

Тибқи низомномаи баргузории озумни ноҳиявии «Омӯзгори сол-2023» аз ҳар як довталаб дастовардҳо дар ташаккули тафаккури техникии хонандагон (намоиши корҳо ва иҷрои корҳои амалии омӯзгору хонандагон), сатҳи компютердонии омӯзгор, дар фаъолияти худ истифода намудани тахтаи электронӣ, навоварӣ дар тарбияи эстетикӣ, қоидаҳои рафтору одоб, ҳурмату иззати калонсолон, муносибат ба сарватҳои табиӣ ва дигар шартҳо санҷида мешаванд.

Дар асоси Низомномаи Озмуни ноҳиявии «Омӯзгори сол-2022» комиссияи ноҳиявии озмун фаъолияти довталабони озмунро баррасӣ, таҳлил ва баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян менамоянд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"