image

Баргузории ҳамоиши табибони ҷавон таҳти унвони «Ҳифзи саломатии ҷомеа-мароми мо» 

date_range22.05.2023, 15:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye216

Дар чорабинии доир гардида, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино таҳти унвони «Ҳифзи саломатии ҷомеа-мароми мо» доир шуд, масъулин қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла, ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи таҷлили ин ҷашни ҷавонӣ чорабиниҳои зиёде баргузор гашта, ҷавонони фаъол қадрдонӣ меёбанд, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон башорат медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар ин давра дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар афзуда, ин қишри ояндасози ҷомеа бо дастовардҳои илмию варзишӣ ва дигар фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи хеш кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ карда истодааст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин нуқта ва саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми навбатии худ 22-юми декабри соли 2016-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда буд.

Тавре Пешвои миллат, дар идомаи суханронияш зимни ироаи Паём соли 2016 зикр намуда буданд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"