Оғози даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Фирдавсӣ
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» даври ноҳиявии он дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии даври ноҳиявии Озмун намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ ва ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд.
Гуфта шуд, ки Озумни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола доир карда шуда, озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ доир мегардад.
Пас аз маросими кушодашавии даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Фирдавсӣ кор дар синфхонаҳо оғоз гардид. Довталабони даври ноҳиявии озмун ба номинтасияҳо ҷудо гардиданд ва ҳакамон маҳорати онҳоро санҷиданд.
Тибқи шартҳои муқарраргардидаи низомномаи Озмун дар он шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳислоти касбӣ (магистрантҳо, аспирантҳо, докторантон аз рӯйи ихтисос), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.
Мавриди зикр аст, ки ғолибони ҳар давр бо ифтихорномаву мукофотҳои гуногун аз ҷониби ташкилкуанндагон қадрдонӣ карда мешаванд. Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ шаҳри Душанбе якҷо бо доварон ҳамзамон ба маҳорати эҷодиву ихтирокории довталабон низ дар ин рӯз баҳогузорӣ намуданд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ