image

Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе

date_range25.05.2023, 15:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye257

Дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Дар кори Конференсия хонандагон аз рӯи бахшҳои «Забон ва адабиёти тоҷик», «Забони англисӣ», «Забони русӣ», «Таърих ва этнография», «География, туризм ва экология» ва «Рӯзноманигорӣ» бо корҳои илмӣ-тадқиқотии худ ширкат варзиданд, ки шумораи онҳо 290 нафарро ташкил намуд. Дар натиҷа аз рӯи холгузории аъзои ҳакамон ғолибон муайян гардида дар маросими ҷоизасупории ғолибони «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» қадрдонӣ карда мешаванд. Боиси зикр аст, ки чорабиниҳои гуногуни илмӣ дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории навраосну ҷавонони шаҳри Душанбе» то санаи 27 майи соли 2023 идома меёбад.

Ҳадаф аз баргузории «Ҳафтаи технология, илм, инноватсия вa ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе" баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, ҷалб намудани хонандагон ба омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодабарии иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон иборат аст. Аксарияти тадқиқот ва лоиҳаҳои пешниҳодшудаи наврасону ҷавонон хусусияти навоварӣ, ихтироъкориро дорад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"