image

Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии «Тобистон-2023»

date_range26.05.2023, 15:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye226

Дар Кохи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон машварати Ситоди ҷумҳуриявии «Тобистон-2023» бо роҳбарон ва сарварони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони масъули вазорату идора ва ниҳодҳои дахлдор ширкат намуданд.

Дар раванди чорабинӣ роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раиси Ситоди чумҳуриявии «Тобистон 2023» иброз дошт, ки айни ҳол иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад. Бояд қайд намуд, ки Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид сохта, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон ва аҳли оилаи онҳо хизмат мерасонад.

Ташкилоти иттифоқҳои касаба вобаста ба иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» ҷиҳати истироҳати бофароғати тобистонаи кӯдакон ва наврасон корҳои муайянро амалӣ намуда истодааст. Тибқи маълумоти пешакӣ дар ҷумҳурӣ қариб 52 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ омода гашта, барои қабули кӯдакону наврасон марҳилаи охири тадбирҳои омодагиҳо идома доранд. Ҳоло маъракаи омодагии лагерҳо барои қабули кӯдакону наврасон идома дошта, оғози басти якуми лагер на дертар аз 25 июн дар назар дошта шудааст. 

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"