Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни «Ихтироъкорони ҷавон» баргузор гардид
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040» озмуни «Ихтироъкорони ҷавон» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ роҳбарият омӯзгорон ва ихтироъкорони ҷавони Донишгоҳи Технологияи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки омодасозии мутахассисони рақобатпазири мутобиқ ба талаботҳои бозори меҳнат, аз техника ва технологияҳои нав бархурдор ва эҷодкору навъовар яке аз вазифаҳои асосии таълимгоҳҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Масъалаи мазкур борҳо дар баромадҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил ва масъалагузорӣ қарор гирифта, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами милат Ҳукумати ҶТ як қатор барномаҳои давлатӣ ва қарорҳоро таҳия ва қабул намудааст. Гузариш аз шакли аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ дар назди Донишгохӣ технологии Тоҷикистон масъалаҳои нави омодасозии мутахассисони соҳаи саноатиро ба миён меоварад.
Ҳамзамон ихтирооту лолиҳаҳои инноватсионӣ, ки аз ҷониби донишҷуёни донишгоҳ пешниҳод шудааст, аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ гардид.
Дар намоиш лоиҳаҳои элаки электронӣ, коркарди навъи нави маҳсулоти хурокаи хусусияти функсионалӣ дошта, таҷҳизот барои сайёҳон, хати технологияи коркарди партовҳои истеҳсолӣ, дастгоҳи ташхисии муайянкунандаи бурриши ноқилҳо, омӯхтани хосиятҳои физикӣ-кимиёвии донакҳои полизхӣ, дарахт аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон, ҷузвдонҳои замонавӣ ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ