image

Оғози даври ноҳиявии озмуни «Илм фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Сино

date_range29.05.2023, 10:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye287

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар озмун наздик ба 700 нафар довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ноҳияи Сино ширкат варзида, маҳорату малакаи худро нишон медиҳанд.

Дар маросими кушодашавии даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, Шуъбаи маориф, олимону донишмандон, ҳайати ҳакамони даври ноҳиявии озмун ва иштирокчиён-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд.

Гуфта шуд, ки Озумни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола доир карда шуда, озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ доир мегардад.

Тавре, ки масъулин иттилоъ доданд, дар асоси низомнома озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр гузаронида мешавад.

Тибқи шартҳои муқараргардидаи низомномаи Озмун дар он шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳислоти касбӣ (магистрантҳо, аспирантҳо, докторантон аз рӯйи ихтисос), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

Мавриди зкир аст, ки ғолибони ҳар давр бо ифтихорномаву мукофотҳои гуногун аз ҷониби ташкилкуанндагон қадрдонӣ карда мешаванд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"