image

Баргузории консерти ҳисоботии Мактаби бачагонаи санъат ба номи М. Аминзодаи шаҳри Душанбе

date_range30.05.2023, 11:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye276

Мактаби бачагонаи санъат ба номи М. Аминзодаи шаҳри Душанбе яке муассисаҳои фаъоли Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола таълимгирандагони он дар охири соли таҳсил консерти ҳисоботии худро баргузор менамоянд. Тадбири имсолаи муҳассили ин мактаб дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Ҳамасола таълимгирандагони Мактаби бачагонаи санъат ба номи М. Аминзодаи шаҳри Душанбе консерти ҳисобтии худро пешниҳод менамоянд. Гарчанде ин тадбир анъанавӣ аст, вале он ҳамасола бо дигаргуниҳо зиёд пешниҳод мешавад. Чорабинии имсола ба Рӯзи байналмилаии ҳифзи кӯдакон бахшида шудааст. Барнома чун ҳамеша дар доираи васеи жанрҳо ва тамоюлҳои мусиқӣ таҳия шудааст. Таълимгирандагони Мактаби санъат аз эҷодиёти классикони ҷаҳон ва ҳам тоҷик, инчунин оҳангсозони муосири ватанӣ бахшои консертиро моҳирона иҷро намуданд, ки хеле ҷолибу хотирмон буд. Гуфта мешавад, ки шиносоӣ ва таблиғи осори онҳо дар ташаккули фарҳанги ватандӯстии насли наврас, бешубҳа, як гардиши муҳимме мебошад. Онҳо дар асоси намунаҳои фолклори миллӣ навои асбобҳои зарбӣ- мусикии халқиро моҳирона иҷро намуданд, ки писанди аҳли толор гардид.

Пешниҳоди бахше зери унвони «Дӯстии халкҳо», ки фарогири оҳангу таронаҳои миллати мо ва кишварҳои ҳамсоя буд, ба истиқболи гарми мухлисон рӯ ба рӯ гардид. Зеро онҳо бо тақдими гулдастаҳо ва чапакзании пурмавҷ онро истиқбол гирифтанд. Ин номера аз бахшҳои фаромӯшнашавандаи консерт буд. Ин ҳолат гувоҳи завқи баланди мусиқӣ доштани шогирдони Мактаби бачагонаи санъат ба номи Муҳиддин Аминзодаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дониста мешавад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"