image

Ҷамъбасти “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ва “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” дар Кохи Суруш

date_range31.05.2023, 09:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye289

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори роҳбарияти мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, маросими ҳавасмандгардонии ғолибони бахшҳои озмунии “Ҳафтаи илм, технология, иноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душҳанбе” таҳти унвони “Душанбе шаҳри ҳушманд” ва ҷоизадорони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе таҳти унвони “Шукуфаҳои пойтахт” ҷамъбаст гардид. Дар кори он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шаҳрӣ, омӯзгорон ва кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдод ва навовари пойтахт иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо ибтикору ташабуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Саррасати маорифи пойтахт ташкил гардида, он дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ва “Ҳафтаи илм,технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе”, ки тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ эълон гардидаанд, баргузор карда шуд.

Дар расми ифтитоҳи Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ироа намуд. Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” таҳти унвони “Душанбе – шаҳри ҳушманд” чорабиниву озмунҳои гуногуни зеҳнӣ, аз қабили озмуни «Барномасозӣ», озмуни расми беҳтарин, озмуни беҳтарин эссе, Форуми наврасону ҷавонон оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии ва конференсияи илмӣ-эҷодии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар шаҳри Душанбе» ташкилу гузаронида шуданд, ки дар онҳо шумораи зиёди хонандагону омӯзгорон ҷалб карда шуданд.

Фестивал озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе “Шукуфаҳои пойтахт” бошад, бо мақсади дарёфт ва ҳавасманд гардонидани кӯдакону наврасони соҳибистеъдоди шаҳри Душанбе ва дар ин замина мусоидат кардан дар рушди маънавию зеҳнӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати такомул додани завқу истеъдод, тарбияи фарҳангиву эстетикӣ, ҷалб намудани насли наврас ба корҳои эҷодиву ҳунарӣ ва фарогирии онҳо дар вақти холигӣ ба корҳои муфид гузаронида шуда, соли ҷорӣ он ҷиҳати амалисозии нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025 доир карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки Фестивали мазкур моҳҳои феврал майи соли равон дар се давра, байни хонандагони синфҳои 1 9 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯйи шартҳои “Ровиён”, “Суруди якка”, “Рақси якка”, “Рақси гурӯҳӣ”, “Хорсароӣ”, “Навозандагӣ”, “Маҳорати актёрӣ” ва ғайра доир кардаа шуд.

Ҳаминтариқ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” ба таври бошукӯҳ доир шуда, дар идомаи он барномаи фарҳангии омоданамудаи иштирокчиёни Фестивал- озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» пешниҳод гардид.