image

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Мактаб-интернати махсуси ёрирасони №2-и шаҳри Душанбе ҳамоиши маърифатӣ баргузор шуд

date_range31.05.2023, 14:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye313

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавӣ дар Мактаб-интернати махсуси ёрирасони №2-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ созмон дода шуд, ки дар он тарбиятгирандагони муассиса ширкат намуданд.

Намояндагони ноҳияи Фирдавсӣ афзуданд, ки ҳамчун нишони таваҷҷуҳи хосса нисбати насли ояндасози кишвар-кӯдакону наврасон ҳамасола 1-уми июн чун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбудии ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария роҳандозӣ шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ арҷгузорӣ намуда, ҳифзу татбиқи онро аз ҳифзи манфиатҳои насли ояндасози ҷомеа-кӯдакону наврасон оғоз мебахшад. Барои тарбиятгирандгони ин муассиса аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ тӯфаҳо тақдим карда шуд.

Барномаи рангини фарҳангӣ, бо пешниҳоди шеъру суруд дар фазои идонаи Мактаб-интернати махсуси ёрирасони №2-и шаҳри Душанбе бо хушҳолии тарбиятгирандагон идома ёфт. Кӯдакони ин боргоҳи илму маърифат бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвари маҳбуб ва шароити фароҳамгашта барои онҳо ҳамчун рамзи сулҳу иттиҳод ва ваҳдату ягонагӣ хурсандӣ намуданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"